Касе бо ту ғами дилро нагӯяд

Лоиқ Шералӣ

Касе бо ту ғами дилро нагӯяд,

Касе бо ту раҳи фардо наҷӯяд.

Чи бадгавҳар, чи нимодам, чи зиштӣ,

Ки кас бо ту гули хоре набӯяд.

На марди хонаӣ, на аскари шоҳ,

На шодиву наӣ ҳам аз ғам огоҳ.

На шӯрӣ, бенамак ҳам нестӣ ту,

На раҳҷӯӣ, наӣ ҳам марди гумроҳ.

На фардоӣ, на имрӯзӣ, шигифто!

На мағлубӣ, на пирӯзӣ, шигифто!

На ҷустиву на гум кардӣ матоъе,

На месозӣ, на месӯзӣ, шигифто!

Зи як то ду шумурдӣ, ваҳ чӣ ҷуръат!

На хурдиву на бурдӣ, ваҳ чи ҳиммат!

На соҳил донадат, на қаъри дарё,

На мондиву на мурдӣ, ваҳ чи хилқат!

Ту бадбахтӣ, ки танҳоӣ, бародар,

Ки худбиниву худхоҳӣ, бародар.

Зи дигарҳо наёсудан бадеҳист,

Ту аз худ ҳам наёсоӣ, бародар.

1973

Жанр
Шеър
Сол
1973 (тахминӣ)

Нашрҳо

Эзоҳот

  1. Гермес – сайёраи хурдест, ки ахтаршиносон боре ёфта, боз гум кардаанд.

Монандҳо

Шарҳҳо