Хайр, эй рӯзи гузашта...

Лоиқ Шералӣ

Хайр, эй рӯзи гузашта, хайр, хайр -

Дафтари шеъру суруди гумшуда.

Хайр эй як зарраи нури басар

Рафтию аммо нарафтӣ беҳуда.

Рафтӣ аз ман - ҳиссаи умри азиз

Мисли барги сабз аз шохи дарахт...

Лек аз ту монд осоре ба ман

Хотироту номи неку ишқ, бахт.

Чанд гоҳе мисли барги сабз ту

Нури хуршеди ҷаҳон овардиям.

Гоҳ бо ғам, гоҳ бо шодии ишк,

Бо навозиш бо ситам парвардиям.

То ба ҷоят сабз гардад барги нав

Рафтӣ, рафтӣ, ҷой додӣ баҳри ӯ.

То нагӯяндат, ки ҳастӣ бенишон

То нагӯяндат, ки эй, нақши ту ку?

То дари дарвозаи рӯзи дигар

Бе ягон ҳарфе гуселондӣ маро

То ки фардо боз бинам офтоб

Ту худат бо он шиносондӣ маро.

Гӯиё будӣ иҷозатномае

То бубинам рӯзи навро хубтар,

Бе ту асло ки намегардад насиб

Дидани рӯзи дигар, рӯи дигар..!

Хушдилам аз он ки дар оғӯши ту

Ман ба сарвакти муҳаббат сӯхтам.

Сӯхтам аз дасти бемеҳрии ёр,

Сӯхтам, аммо вафо омӯхтам!

Авф бинмо, авф бинмо, ман туро

Сабт нанмудам ба таърихи ҷаҳон.

Хомии кори ҷавониро бубахш,

Қодири эъҷоз не табъи ҷавон!

Рӯзҳои дар ҳисоби умри ман,

Рӯзҳо, эй рӯзҳои файзбор,

Рӯзҳое, ки маро парвардаед,

Аз шумо ман қарздорам, қарздор!

Рӯзҳо эй дӯстам, эй душманам,

Рӯзҳо, эй мумсикони пурсахо

То ба фардои муҳаббат ҳам расам

Дасти ман гиред, ман дасти шумо!

Ист як дам як ду ҳарфи гуфтанӣ дорам ба ту

Ҳарфи меҳролуд аз мағзи дили бетоқатам.

Гӯш кун ҳарфи муҳаббат аз дили н-олудае

Аз дили сӯзони дар ёдат шуда нороҳатам.

Ман нагардидам таваллуд баҳри озори касе

Халқ гаштам баҳри он ки ҷой бошам дар диле.

Халқ гаштам, ки намирам дар суруди ошиқӣ

Сӯзаму созам паи корею ҳусни манзиле.

Кофтам чун зиндагиро бо умеди зиндагӣ

Бо талошу бо муроду мақсади беинтиҳо.

Зиндагонӣ гуфт: бе он нозанини дӯстрӯ

Ҳеҷ гоҳе, ҳеҷ гоҳе ту намеёбӣ маро!

Ман ҷавонам, бе ту роҳи зиндагӣ гум кардаям

Хандае ё шодие аз ҳолатам бегона шуд.

Мерасад ҳар гаҳ ба гӯшам аз рафиқон ин сухан:

Ҳайф шуд, ки ин ҷавони дӯстрӯ девона шуд.

Чист, гар мирам ман аз дасти ту беному нишон,

Дар сари тобути ман чашме набошад хунфишон.

Кистам ман, чистам ман бе ту дар айёми нек,

Шодии дил охир аз ишқ аст, аммо нест он!

Ман фақат аз ишқи ҷӯшон шодии дил хостам

Баҳри ту ҳам баҳри худ, ҷононаи хушқоматам...

Ист як дам як ду ҳарфи гуфтанӣ дорам ба ту

Ҳарфи меҳролуд аз мағзи дили бетоқатам...

Жанр
Шеър

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо