Хайр!
Лоиқ Шералӣ
Хайр, бо ту тӯю иди ман тамом
Зиндагӣ бо ту насиби ман нашуд.
Рафтию гуфтӣ аҷаб не дар дилат
«Дар раҳи умрам ҳабиби ман нашуд».
Ман писандидам туро бо амри дил
Тарк гуфтам пас ба амри зиндагӣ.
Ту маранҷ аз ман, азизам, шод бош,
Заррае бар ту накардам гандагӣ.
Мепарастидам туро бо сӯзи дил,
Бозӣ мекардам ба кокулҳои ту.
Меравӣ имрӯзу бо худ мебарад
Шодии манро рухи зебои ту.
Фебони дих “63
илтиҷо()
Ту ки атвори хушу чеҳраи зебо дорӣ,
Қудрати тозанигаҳдории дунё дорӣ.
Метавонӣ сабаби бахти ягон ёр шавӣ,
Сабаби зиндагию шодии бисёр шавӣ.
Ба дили сӯхтае меҳру муҳаббат орӣ,
Ҷои навмедӣ бузургию мақомат орӣ.
Пас чаро ҷои чунин марҳамат, эй ёри азиз,
Ранҷу озор раво донӣ ба дилдори азиз.
Ҷои он ки сабаби зиндагӣ бошӣ ту чаро
Хуни дил хӯрдани ошиқи худ дорӣ раво?
Розӣ шав, то ки ба ман зиндагӣ оғоз шавад,
Даст деҳ, то дилам аз ишқ сарафроз шавад.
сӯе
- Жанр
- Шеър
Нашрҳо
- 2006Девони дилсаҳ. 12