Хандаҳоят
Лоиқ Шералӣ
Эй гули ман,
Чун ту механдӣ ба сӯям,
Хандаҳоят хандаи иқболи ман бошад,
Хандаҳоят хандаи омоли ман бошад,
Чун ту механдиву механдӣ ба рӯям,
Дар хаёлам, ин ҷаҳон ҳамсоли ман бошад.
Кам мабод аз қисмати ман,
Хандаҳоят, хандаҳои дилрабоят.
Кам мабод аз давлати ман
Хандаҳоят, хандаҳои ҷонфизоят.
Эй гули ман,
Чун ту механдӣ ба сӯям,
Хандаҳоят хандаҳои зиндагонист.
Хандаҳои орзуҳои ҷавонист.
Чун ту механдиву механдӣ ба рӯям,
Дар гумонам, зиндагонӣ ҷовидонист.
Кам мабод аз қисмати ман,
Хандаҳоят, хандаҳои дилрабоят.
Кам мабод аз давлати ман
Хандаҳоят, хандаҳои ҷонфизоят.
1986
- Жанр
- Суруд
- Сол
- 1986 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 443
- 2006Девони дилсаҳ. 399