Хоҳам, ки ба хотири замонам бошам
Лоиқ Шералӣ
Хоҳам, ки ба хотири замонам бошам,
Дар суҳбати гарми дӯстонам бошам.
Дигар зи ҷаҳон нахоҳам иқбол, агар
Дар пирӣ асои зодагонам бошам.
- Жанр
- Рубоӣ
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 675
- 2011Девони замонсаҳ. 293