Хонаи нав нишонаи нав бод

Лоиқ Шералӣ

Хонаи нав нишонаи нав бод,

Шодии нав, таронаи нав бод.

Баҳри фардои кӯдакони умед

Ин макон ошёнаи нав бод.

Баъди он қадр ҳақталошиҳо

Хонаи нав фасонаи нав бод.

Нақди он қадр ваъдаи нася

Хонаи нав хазонаи нав бод.

Баҳри мастиву риндии ёрон

Хонаи нав баҳонаи нав бод.

Ҳадяи шоири намакхурда

Ғазали шодиёнаи нав бод.

1982

Жанр
Ғазал
Сол
1982 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо