Худоё, ҳамнишини оқилон кун
Лоиқ Шералӣ
Худоё, ҳамнишини оқилон кун,
Худоё, ҳамрадифи одилон кун.
Ба қабристон агар рӯзе бихуспам,
Маро ҳамсояи соҳибдилон кун.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1994 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1994Аввалу охири ишқ · № 549 дар «Куллиёти ашъор»
- 1997Фарёди бефарёдрассаҳ. 167
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 724
- 2009Ангораҳосаҳ. 125
- 2011Девони замонсаҳ. 365