Хумори май куҷоят бурд, дидӣ?
Лоиқ Шералӣ
Хумори май куҷоят бурд, дидӣ?
Ҳама симу заратро хурд, дидӣ?
Ҳама симу зарат як ҷав наарзад,
Сари шиша саратро хурд, дидӣ?
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1994 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1994Аввалу охири ишқ · № 612 дар «Куллиёти ашъор»
- 1997Фарёди бефарёдрассаҳ. 143
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 730