Хурам аз ишқи ту, то зиндагӣ ҳаст
Лоиқ Шералӣ
Хурам аз ишқи ту, то зиндагӣ ҳаст
Ғами пайваста, эй абрӯи пайваст.
Диламро, эй басо бишкастӣ, аммо
Хуморат дар дили бишкаста нашкаст.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1982 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1982Хонаи чашм · № 403 дар «Куллиёти ашъор»
- 1988Офтобборонсаҳ. 363
- 1991Ману дарёсаҳ. 235
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 711
- 2011Девони замонсаҳ. 311