Маҳи кӯр асту абри бурда-бурда
Лоиқ Шералӣ
Маҳи кӯр асту абри бурда-бурда,
Кӣ аввал кокулонатро шумурда?
Кӣ бо ту як нафас хандиду бишкуфт?
Кӣ бо ту дода ҷон, аммо намурда?
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1988 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1988Офтобборонсаҳ. 332
- 1991Ману дарёсаҳ. 203
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 714
- 2009Ангораҳосаҳ. 125