Ман барои ту дилам месӯзад
Лоиқ Шералӣ
Ман барои ту дилам месӯзад,
Ки ту аз ишқ пушаймон шудаӣ.
Аз нахустин хатаре кебида ,
Роҳи бемонеа ҷӯён шудаӣ.
Чун ту оташи пурсӯзи дарун
Чеҳраат лоласифат меафрӯхт.
Чашм бар чашм ту мекардӣ нигаҳ,
Аз нигоҳат ҳама ҷонам месӯхт.
Чун ту ошиқ будӣ, мефаҳмидам.
Аввал андар суханат лоф набуд.
Ваъдаи ахтари саъд аз гардун,
Ваъдаи мулки паси Қоф набуд.
Аввали ишқи ту чун субҳи сафед
Равзани матлаи хуршеде дошт.
Аввали ишқи ту бар хонаи дил
Омаданҳои ту як иде дошт.
Аввал... оваҳ, ту чи зебову бадеъ,
Чи қадар маҳзи назокат будӣ.
Он чунон нестӣ имрӯз, афсӯс,
Ки дар оғози муҳаббат будӣ.
Дӯш дидам, ки ба дил оҳат нест,
Ҳам зи ман, ҳам зи ҷаҳон дилзадаӣ.
Ту бирафтӣ дари дил барбаста,
Ман бирафтам ба дари майкадае.
Ман барои ту дилам месӯзад,
Ки ту аз ишқ пушаймон шудаӣ.
Балки на аз ману аз ишқу ҷунун,
Балки аз хеш пушаймон шудаӣ?...
1986
- Жанр
- Шеър
- Мавзӯъҳо
- Ишқ
- Сол
- 1986 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 405
- 2006Девони дилсаҳ. 382