Ман чу аз гаҳвораи нақшини худ берун шудам
Лоиқ Шералӣ
Ман чу аз гаҳвораи нақшини худ берун шудам,
Дар замин дастогиребон бо ҳама гардун шудам.
Сарфарозӣ ҳар қадар кардам ба сӯи осмон,
Он қадар дар рӯи хоки зиндагӣ вожун шудам.
Ҳар қадар ободӣ бар вайронаҳо омӯхтам,
Он қадар маъмураи дил костам, ворун шудам.
То нарезад хуни одам нораво, андар сухан
Хун фишондам, нола кардам, ғарқа андар хун шудам.
Гарчи худ мазмуни ин ҳастиву ин дунёстам,
Осафо, қурбони сад мазмуни бемазмун шудам.
Хилқати инсон намегунҷад ба қонуне, дареғ,
Сохтам қонун басо, то куштаи қонун шудам.
Дар замини зинда баҳри зиндаҳо ҷон сӯхтам,
Оқибат андар замини мурдае мадфун шудам.
1988
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1988 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1988Офтобборонсаҳ. 153
- 1991Ману дарёсаҳ. 119
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 566
- 2011Девони замонсаҳ. 162