Ман туро дар чашм аз шаҳре ба шаҳре бурдаам
Лоиқ Шералӣ
Ман туро дар чашм аз шаҳре ба шаҳре бурдаам,
Аз диёре бар диёре дар дилам овардаам.
Ман туро дар ҷони муштоқи ҳаваспарварди худ
Ҳамчу шеъри беҳтарини хештан парвардаам.
Ман туро дар орзуҳои наҷиби хештан
Дидаам, донистаам ҳамчун ҳабиби хештан.
Гарчи ҳар касро ба қадри боли ӯ парвози ӯст,
Гарчи ҳар кас гирад аз дунё насиби хештан.
Ман туро баҳри дилам мадди таманно кардаам,
Ман туро баҳри дилам дар шеър пайдо кардаам.
Ёди ту чун дафтари ашъори рангин бо ман аст,
Ман туро баҳри дилам дар шеър иншо кардаам.
1984
- Жанр
- Шеър
- Мавзӯъҳо
- Ишқ
- Сол
- 1984 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1984Рӯзи сафедсаҳ. 67
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 393
- 2006Девони дилсаҳ. 430