Манам дарёдилу чашми ту дарёст
Лоиқ Шералӣ
Манам дарёдилу чашми ту дарёст,
Манам фардоталаб, ишқи ту фардост,
Ман аз худ рафтаму аз ту нарафтам,
Ки аз ту рафтанам рафтан зи дунёст.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1988 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1988Офтобборонсаҳ. 337
- 1991Ману дарёсаҳ. 207
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 718
- 2011Девони замонсаҳ. 307
- 2011Барги сабзсаҳ. 67