Маро дар оташ андоз, эй гули ман
Лоиқ Шералӣ
Маро дар оташ андоз, эй гули ман,
Маро бигдозу бигдоз, эй гули ман.
Бад-ин хомӣ нахоҳам зиндагонӣ,
Маро ё сӯз, ё соз, эй гули ман.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1979 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1979Марди роҳсаҳ. 149
- 1988Офтобборонсаҳ. 321
- 1991Ману дарёсаҳ. 192
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 682
- 2011Девони замонсаҳ. 329