Маро, тоҷикро, тоҷикон, шукри худо
Лоиқ Шералӣ
Маро, тоҷикро, тоҷикон, шукри худо,
накуштаанд ҳанӯз.
Бо тири тапончаҳо ва мусалсал ва хумпораандоз –
мисли Осимӣ, Исҳоқӣ,
Ғуломӣ ва Олимпур (даст марезод)!
Ман зиндаям ҳанӯз,
Вале
куштаанд ва куштатарам аз эшон,
Чи ихлоси маро,
Имони маро,
Эътиқоди маро куштаанд.
Ва ман як мушт сутхони хушк мондаам.
Рагҳоям туҳӣ аз хуни ифтихори миллат.
Ба санги мазори эътиқоди ман
Кӣ катиба менависад?
Ва чӣ менависад?
20.08.1998
- Жанр
- Шеър
- Сол
- 1998
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 281