Мавҷҳо

Лоиқ Шералӣ

Мавҷҳо, эй мавҷҳои беқарор

Аз чӣ меларзед бо сад изтироб

Аз чӣ беором ҳастед ин қадар

Аз чӣ меларзед чун тори рубоб?

ЧҶашми манро бурд бозии шумо,

Чашми ҳушамро хаёли дилбаре.

Рӯи гулгуне дурахшад дар назар

Нашъае хоҳам зи васли духтаре.

Мавҷҳо, ман интизорам, интизор

Интизори духтари соҳибҷамол,

Мавҷҳо, ман беқарорам. беқарор.

Аз паи ишқи бузургу безавол.

Мавҷи зулфони сиёҳи ёрро

Оварам бар ёду ҳасрат мебарам,

Сад нишони ёр ҷуста аз шумо

Менамоям ёди зебо дилбарам.

Гарчи мисли мавҷи кокул нестед,

Мавҷи кокул нест ҳам мисли шумо,

Лек охир ошиқи дил бо умед,

Дар шумо дарёфт мавҷи зулфро.

Мавҷҳо, гӯед, дар ёди шумо

Ҳаст оё лаҳзаи ҷонпарварё,

Лаҳзаеро ки шуморо, мавҷҳо,

Дида будам бо нигоҳи духтарсес?..

Мавҷҳо, эй мавҷҳои беқарор

Аз чӣ беором ҳастед ин қадар

Акс месозед ё бо худ шумо

Беқарории дили манро магар?..

Жанр
Шеър

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо