Мо аз табу тоби дил рубоб овардем
Лоиқ Шералӣ
Мо аз табу тоби дил рубоб овардем,
Аз синаи сӯхта кабоб овардем.
Ту хурдӣ шаробу кардӣ сад хона хароб,
Мо аз маи ноб байти ноб овардем.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1997 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1997Фарёди бефарёдрассаҳ. 125
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 667