Моии

Лоиқ Шералӣ

Шеър гуфтам ба ҳаққи ту, модар,

Ҳамлеҳон хондаву нафаҳмида,

Хонда кӯри намакҳаром маро

Ки туро Лонқат- ҷигарбандат

Бахудо, дар газет баровардаст.

Бо ҳама ояте, ки омӯхтӣ,

Радду расвои оламат кардаст.

Ҳолия мардумон коммунистанд.

Ҳеҷ донӣ, ки исму ҷисматро

Мардуми даҳр ҷумла донистанд.

Модарам, эй зани беҳ аз мардон!

Машнав ин гуна доду фарьёде.

Бо мани бегуноҳ бовар кун,

Он чунон, ки маро ту худ зодӣ.

Он чӣ дар шеър васфи ту гуфтам,

Ба ҷаве, ростӣ, намеарзад.

Ба ҳаққи шири хештан аз ман

Он чй мехостӣ, намеарзад.

Ман туро шукр гуфтаму миннат,

Баски ту ибтидои ман будӣ.

Ман туро бо ҷаҳон шиносондам

Он чунон, ки барои ман будӣ.

Ки ҳама ҳамдеҳон мусулмонанд.

Кеши ман одамис рдум

Қасди ман чиани, донанд...

Лонқаш кист? Аз куҷо донанд...

Ростӣ, шеърҳои Лоиқро

Дар Мазори Шариф намехонанд...

Жанр
Шеър

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо