Ноҷӯрии оламе зи ноҷӯрии мост
Лоиқ Шералӣ
Ноҷӯрии оламе зи ноҷӯрии мост,
Ҳар роҳ, ки дур бошад, аз дурии мост.
Ҳар ганҷ, ки дар кӯҳ ниҳон аст ҳанӯз,
Аз кӯҳ маҷӯ айб, ки аз кӯрии мост.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 174 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 180
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 660
- 2011Девони замонсаҳ. 276