Он дили шабзиндадори ман куҷост?

Лоиқ Шералӣ

Он дили шабзиндадори ман куҷост?

Эй фалак, хуршеди ту ҷонам бисӯхт,

Офтоби рӯзгори ман куҷост?

Замингиру фалаксоӣ, дили ман,

Намедонам чӣ дунёӣ, дили ман.

Зи ақсои ту сад дунё гузар кард,

Чӣ паҳноӣ, чӣ паҳноӣ, дили ман.

Гаҳе орому гоҳе масти туғён,

Чӣ дарёӣ, чӣ дарёӣ, дили ман.

Каноратро надонистам чӣ ҳаддаст,

Чӣ саҳроӣ, чӣ саҳроӣ, дили ман.

Зи буда дилзада, розӣ ба нася,

Зи худ як дам наосоӣ, дили ман.

Зи кулли дидаат нодидаат беҳ,

Чӣ кӯриву чӣ биноӣ, дили ман...

Чун шумо кай даъвии унвони боло мекунам,

Чанд рӯзе санъати дилро тамошо мекунам.

Дар дили ман чор фасли рӯзгори олам аст,

Саҳни дилро рафта-рафта саҳни дунё мекунам.

Рӯзии худро на танҳо аз сарири хомаам,

Аз дами шеру дами шамшер пайдо мекунам.

Зардрӯӣ мекашам аз сахтрӯиҳои хеш,

Дар замин бо осмон худро шиносо мекунам.

Ҳаққи худ имрӯз настонам агар дар зиндагӣ,

То абад дар зери хоки сард даъво мекунам.

Зиндагӣ! Бо рафти дарёят нахоҳам бел зад,

Гар муросо мекунӣ бо ман, муросо мекунам!

Жанр
Ғазал

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо