Он, ки аз кокули ту бӯйи вафо нашнидаст

Лоиқ Шералӣ

Он, ки аз кокули ту бӯйи вафо нашнидаст,

Пайке аз дойираи дори бақо нашнидаст.

Ҷониби кӯҳ садо гар задӣ, пажвок ояд,

Касе аз санги диле акси садо нашнидаст.

Лаби дарё хабаре аз дили дарё гӯяд,

Диле аз мурдадиле бонги “дило” нашнидаст.

Ҷуз навои шиками холӣ пайи баргу наво

Бенаво замзамаи ҳеҷ наво нашнидаст.

Устухонҳои таҳи хок худо мегӯянд,

Аз лаби гӯр касе зикри худо нашнидаст.

Дили мо метапад алҳол, вале аҳли диле

Шеваи мурдани мурғи дили мо нашнидаст.

апрели 1990

Жанр
Ғазал
Сол
1990

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо