Онҳо, ки гирифтори маю ҷом шуданд
Лоиқ Шералӣ
Онҳо, ки гирифтори маю ҷом шуданд,
Коми дили хеш ҷуста, ноком шуданд.
Аз бодаи хом ҳеҷ кас пухта нашуд,
Аз бодаи хом пухтагон хом шуданд.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1997 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1997Фарёди бефарёдрассаҳ. 131
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 671
- 2011Девони замонсаҳ. 289