Ошиқаме
Лоиқ Шералӣ
Ҳар куҷое биравам,
Рӯи ӯ дар назарам.
Гар равам аз дари ӯ,
Дар ҷаҳон дарбадарам.
Дил ҷудо, ақл ҷудо, дида ҷудо ошиқаме,
Бахудо, ошиқаме, бахудо, ошиқаме!
Ҳар чӣ коре бикунам,
Пеши рӯяш хиҷилам.
Ҳусни ӯ содаю ман
Ошиқи содадилам.
Дил ҷудо, ақл ҷудо, дида ҷудо ошиқаме,
Бахудо, ошиқаме, бахудо, ошиқаме!
Номи ӯ номаи бахт –
Номи ӯ номаи ишқ.
Эй хушо дар дили ман
Шӯру ҳангомаи ишқ!
Дил ҷудо, ақл ҷудо, дида ҷудо ошиқаме,
Бахудо, ошиқаме, бахудо, ошиқаме!
1982
- Жанр
- Суруд
- Сол
- 1982 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 437
- 2006Девони дилсаҳ. 271