Пеши ту дарду оҳро монам
Лоиқ Шералӣ
Пеши ту дарду оҳро монам,
Бандаи додхоҳро монам.
Рӯ ба рӯ бо нигоҳи сафшиканат
Кишвари бесипоҳро монам.
Гарчи пуштупаноҳи ман ишқ аст,
Яккаи бепаноҳро монам.
Гарчи аз ишқ бегуноҳе нест,
Кӯдаки бегуноҳро монам.
Бо умеди дубора нашъунамо
Сабзаи тирамоҳро монам...
1986
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1986 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 576
- 2011Девони замонсаҳ. 218