Пештар
Лоиқ Шералӣ
Пештар,
Дар он замони меҳру ишк,
Дар замоне, ки замину осмонат хонаи беназми
ман буд,
Эй басо бо занги телфон, бо садои тозаи
зангӯладорат
Ҳар саҳар бедор мекардӣ зи хобам,
Нагзарад то мурдасон аҳди шубобам.
То ту телфон мезадӣ,
Зиндагониям ҳама бедорӣ буд,
Шӯр буд, ошӯб буб, дилдорӣ буд.
Баъд аз он...
Баъд азон,
Ки замину осмони хештанро ёфтӣ,
Канда шуд сими телефон байни мо.
То дили ман аз ғами ту канда шуд,
Зиндагиям бо ғамат оганда шуд.
Баъазон,
Бе садои занги телфонат,
Бе садои тозаи зангӯладорат
Зиндагии ман ҳама хоб аст дигар,
Зӯзҳои ошиқиям нақш дар об аст дигар.
Хонаи ман баъд аз он гӯр аст, он гӯри хамӯш,
Киҳазорон бор агар сунъи илоҳӣ ҳам кунӣ,
Ҳеҷ гаҳ занге намеояд ба гӯш...
си(ссЭЕ
- Жанр
- Шеър
Нашрҳо
- 2006Девони дилсаҳ. 302