Қадам мезад, куҷо собитқадам буд?
Лоиқ Шералӣ
Қадам мезад, куҷо собитқадам буд?
Қалам мезад, куҷо соҳибқалам буд?
Аламбардор кардандаш замоне
Аламбардори бе дарду алам буд.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1994 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1994Аввалу охири ишқ · № 585 дар «Куллиёти ашъор»
- 1997Фарёди бефарёдрассаҳ. 139
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 727