Рӯзу шаби рӯзгори пуршӯр гузашт
Лоиқ Шералӣ
Рӯзу шаби рӯзгори пуршӯр гузашт,
Аз пеши назар гузашт, аз дур гузашт.
Бисёр давидам аз паяш чун ошиқ,
Ӯ лек чу як духтари мағрур гузашт.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 59 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 165
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 649
- 2011Девони замонсаҳ. 265