Сад сол агар сӯзаму созам, ғазаби умр

Лоиқ Шералӣ

Сад сол агар сӯзаму созам, ғазаби умр

Аз арчаи меҳрам набарад барги хазонро.

Меҳр аст маро бозуи зӯру сабаби умр

Гар даргузарам ҳам, бубарам бо худам онро.

Соҳиб набурад нахли ҷавонро чу бараш нест.

Уммед аз он, ки бидиҳад соли дигар бор.

Аз чист, аё ёр, бигуфтӣ, ки зараш нест,

Чун нест ба ҷуз ишқ дигар давлати подор?!

Фғбони дил (ТА)

Меравӣ? Не, не марав асло зи паҳлӯям, нигор,

Бе ту олам танг мисли чашми сӯзан мешавад.

Ист як дам, то бубинам бо ту дар субҳи мурод

Бо чӣ сурат рӯз, рӯзи бахт равшан мешавад.

Ист ҳоло, то бигӯям як ба як рози дилам

Варна ин сӯзи ниҳонӣ қотили ман мешавад.

Оҳ, осон нест гуфтан, ҳарчи ҳаст андар дилам,

Ишқро, охир, чи сон бо ҳарф гуфтан мешавад?

«ӯст

Жанр
Шеър

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо