Ташнаам, ташнаи дидори худоёнаи ту
Лоиқ Шералӣ
Ташнаам, ташнаи дидори худоёнаи ту,
Ташнаам, ташнаи оғӯши пурафсонаи ту.
Ташнаам бо ҳама девонагию мастии хеш,
То шиносанд маро ошиқи девонаи ту.
Ташнаам дар лаби дарёи дилат, метарсам,
Ки агар об хурам, банди дилам месӯзад.
Ҳар чи наздик туро бинаму дил бикшоям,
Ҷонам он қадр зи дурӣ ба алам месӯзад.
Ташнаам бо ҳама эҳсоси хурӯшони дилам,
Ташнаам, ташнаи эҳсоси таболудаи ту.
Ташнаам бо ҳама аҳволи парешони дилам,
Ташнаам, ташнаи аз ишқ наёсудаи ту...
Ташнаам, ташнаи он чашмаи зебоиву меҳр,
То бадомӯзи лабони ту кунад ташнагиям.
Ташнаам, ташнаи лабҳои чу ман ташнаи ту,
Эй худо, ҳеҷ мабодо шиканад ташнагиям!
1988
- Жанр
- Шеър
- Мавзӯъҳо
- Ишқ
- Сол
- 1988 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1988Офтобборонсаҳ. 44
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 413
- 2006Девони дилсаҳ. 458