То мулки сухан вақти расидан дер аст
Лоиқ Шералӣ
То мулки сухан вақти расидан дер аст,
Каҷкӯли гадост табъи ман – носер аст.
Он рӯз, ки байте нанигорад дастам,
Чун шохи шикастаи дарахти пир аст.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 125 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 173
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 655