Умрам ба ҳазор кӯю барзан бигузашт

Лоиқ Шералӣ

Умрам ба ҳазор кӯю барзан бигузашт,

Бо тирашабону рӯзи равшан бигузашт.

Аз дасти дилам умри сарам кӯтаҳ шуд,

Аз ман бигузашт, ҳар чӣ бар ман бигузашт.

Жанр
Рубоӣ
Сол
1972 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо