Варзоб
Лоиқ Шералӣ
Аз синаи хок,
Аз синаи санг,
Мастона оӣ
Бо шӯру оҳанг,
Эй мавҷи бехоб,
Эй набзи бетоб,
Дарёи Варзоб,
Дарёи Варзоб.
Гулбоғ аз ту
Шаҳри Душанбе.
Рӯҳу равонӣ
Баҳри Душанбе.
Эй мавҷи бехоб,
Эй набзи бетоб,
Дарёи Варзоб,
Дарёи Варзоб.
Атри ҷавонист
Атри насимат.
Ёди баландист
Номи қадимат.
Эй мавҷи бехоб,
Эй набзи бетоб,
Дарёи Варзоб,
Дарёи Варзоб.
1984
- Жанр
- Суруд
- Сол
- 1984 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1984Рӯзи сафедсаҳ. 78
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 439