Ёрон, ба сари мазори ман нола кунед
Лоиқ Шералӣ
Ёрон, ба сари мазори ман нола кунед,
Бар мотами рӯзгори ман нола кунед.
Бар мотами рӯзгори ман нола чӣ суд?
Бар мурдани ёдгори ман нола кунед.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 178 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 180
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 660
- 2011Девони замонсаҳ. 276