Ёрони ҷавониям, куҷоед, куҷо?
Лоиқ Шералӣ
Ёрони ҷавониям, куҷоед, куҷо?
Ин қадр зи ҳам дур чароед, чаро?
Аввал ҳама ҷамъ мисли дарё будем,
Имрӯз чу шохоба ҷудоед, ҷудо.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 204 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 183
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 662
- 2011Девони замонсаҳ. 280