Замин астарван аст имрӯз, эй вой
Лоиқ Шералӣ
Замин астарван аст имрӯз, эй вой,
Ки ҷои шеван аст имрӯз, эй вой!
Барои зистан буд аз азал, лек
Барои мурдан аст имрӯз, эй вой!
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1994 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1994Аввалу охири ишқ · № 561 дар «Куллиёти ашъор»
- 1997Фарёди бефарёдрассаҳ. 136
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 725