Замоне ишқи ту бахти дилам буд

Лоиқ Шералӣ

Замоне ишқи ту бахти дилам буд,

Ба вақте кӯи ту рахти дилам буд.

Масӯзон номаҳоямро дар оташ,

Ки ҳар як нома як лахти дилам буд.

Жанр
Дубайтӣ
Сол
1988 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо