Зи бедорӣ тоҷик чун дод зад

Лоиқ Шералӣ

Зи бедорӣ тоҷик чун дод зад,

Хаёлам дам аз умри озод зад,

Вале нек дидам, ки ингуна буд,

Раҳи чапғалат буд, воруна буд.

Чу тоҷик бо худ ба пайкор шуд,

Ба ҷои хирад фитна бедор шуд.

1995

Жанр
Шеър
Сол
1995 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо