Зи симову садо ҳар шом эълон мерасад бар гӯш
Лоиқ Шералӣ
Зи симову садо ҳар шом эълон мерасад бар гӯш:
Фулон ибни фулон дар ин ва ё он пираҳан гум шуд.
Бар ин гумгаштагон месӯзадам дил рӯзу шаб, аммо
Чаро як кас намегӯяд: Ватан гум шуд, Ватан гум шуд?...
- Жанр
- Дигар
Нашрҳо
- 1997Фарёди бефарёдрассаҳ. 170
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 757