Зиндагӣ дарёст...
Лоиқ Шералӣ
Зиндагӣ дарёст, дарё бигзарад.
Ошиқӣ савдост, савдо бигзарад.
Чун тамошои ҷаҳон як навбат аст,
Навбати мову тамошо бигзарад.
Рӯд мехонад тарона.
Бод мегӯяд фасона.
Мову ту ҳастем ё на,
Ишқ бошад ҷовидона.
Чашм бикшо, чашми зеборо бубин,
Ларзаи дилҳои шайдоро бубин.
Ҳар чӣ мебинӣ, намебинӣ дигар.
Чашми дил бикшову дунёро бубин.
Рӯд мехонад тарона.
Бод мегӯяд фасона.
Мову ту ҳастем ё на,
Ишқ бошад ҷовидона.
1982
- Жанр
- Суруд
- Сол
- 1982 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 428
- 2006Девони дилсаҳ. 309
- 2011Девони замонсаҳ. 58