Агар вафо кунӣ бо ман, вафои умри манӣ

Лоиқ Шералӣ

Агар вафо кунӣ бо ман, вафои умри манӣ,

Агар бақо кунӣ бо ман, бақои умри манӣ.

Агар ба хотири дил мисли мавҷ бо соҳил

Суруди ишқ бихонӣ, садои умри манӣ.

Миёнаи қабзаи ғамҳои хиракуш боре

Агар чу субҳ бихандӣ, сафои умри манӣ.

Агар чу шохаи печида даст бар гардан

Ба паҳлуям бинишинӣ, атои умри манӣ.

Ниҳоли қадди ту мамлу зи баргу бори тар,

Зи лутф барге бубахшӣ, навои умри манӣ.

Баҳо надошт, вале умри бебаҳо бигзашт,

Биё, биё, ки ду-се дам баҳои умри манӣ.

1988

Жанр
Ғазал
Сол
1988 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо