Биё, азиз, ки умри азиз мегузарад
Лоиқ Шералӣ
Биё, азиз, ки умри азиз мегузарад,
Макун диранг, ки бисёр тез мегузарад.
Тамоми давлати дунё агар ба дасти ту ҳаст
Вагар ки нест ба дастат пашиз, мегузарад.
Биё, ба чашми ту бо чашми гул назар созам,
Ки гул зи дасти хазон хонахез мегузарад.
Ба нури ханда бубинем рӯи ҳамдигар,
Шукуфаҳои чаман хандарез мегузарад.
Биёву гесуи худ мавҷ-мавҷ афшон кун,
Ки шавқи ту зи дилам мавҷхез мегузарад.
Биё, зи рафтани умри ман оҳ каш бо ман,
Кашам ман оҳ, ки умри ту низ мегузарад...
1988
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1988 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1988Офтобборонсаҳ. 184
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 507
- 2011Девони замонсаҳ. 212