Андар кафи дастам осмон мегунҷад

Лоиқ Шералӣ

Андар кафи дастам осмон мегунҷад,

Дар синаи ман баҳри дамон мегунҷад.

Аммо зи ҷаҳон сер наям ман, ҳарчанд

Дар косаи чашми ман ҷаҳон мегунҷад.

Жанр
Рубоӣ
Сол
1972 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо