Ҳарчанд ҷаҳонгиру батадбирам ман
Лоиқ Шералӣ
Ҳарчанд ҷаҳонгиру батадбирам ман,
Дар гӯр ба худ чизе намегирам ман.
Ҳарчанд ки се чаҳори дунё об аст,
Рӯзе ба азоб ташна мемирам ман.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 112 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 172
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 654