Аё бузургу фанонопазир, эй модар!
Лоиқ Шералӣ
Аё бузургу фанонопазир, эй модар!
Аё бузургпадар, асли тору пуди писар!
Чи бозтоби шигифте, ки номи тифлатро
Ба ифтихори ситамгар гузорӣ Искандар?
Ба сад ғурур ниҳӣ номи кӯдакат Темур,
Ки барфарохт ба ҳар ҷо манораҳо аз сар?
Бимонӣ кӯдаки маъсуми хешро Чингиз,
Ки шаҳрҳои туро кард хоку хокистар?
Кунун ниҳодаӣ (эй вой) МЭЛС-у Уктобир,
Чӣ гӯямат, ки забонам зи бун канӣ, беҳтар!
Надорӣ фахр, ки номи Куруш бигзорӣ
Ба кӯрият чӣ бигӯям мисоли равшантар???
12.03.1996
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1996
Нашрҳо
- 1997Фарёди бефарёдрассаҳ. 112
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 542