Падари меҳрубону ғамхоро
Лоиқ Шералӣ
Падари меҳрубону ғамхоро,
Кӣ хурад баъди ту ғами моро?
Баъди беморие, ки бирбудат,
Зиндагонии мост беморо.
Рӯзи ту буд кӯтаҳу рафтӣ,
Рӯзи мо рӯзи мост душворо.
Рӯҳи ту зери хок ором аст,
Рӯҳи мо рӯи хок абгоро.
Зери як пора хора хобидӣ,
Баҳри мо мондӣ кӯҳи хороро.
Мо надидем чеҳраи гармат,
Дар қиёмат бимонд дидоро...
8.10.1990
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1990
Нашрҳо
- 1997Фарёди бефарёдрассаҳ. 112
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 455