Ба дил сад достон мемирам охир
Лоиқ Шералӣ
Ба дил сад достон мемирам охир,
Чу гул дар бӯстон мемирам охир.
Зи макри душманон боке надорам,
Зи қасди дӯстон мемирам охир.
Ман аз дасти замон ҳаргиз намирам,
Ки аз дасти занон мемирам охир.
Фалак бар дӯши ман борест сангин,
Таҳи бори гарон мемирам охир.
Ҷаҳон бо дарди ман коре надорад,
Ман аз дарди ҷаҳон мемирам охир.
Агар дар шеър фарзанди замонам,
Ба лаб шеъри замон мемирам охир.
Ҷавонмаргӣ фақат марги ҷавон нест,
Ба сад пирӣ ҷавон мемирам охир!
1988
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1988 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1988Офтобборонсаҳ. 159
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 541
- 2009Саду як ғазалсаҳ. 44
- 2011Девони замонсаҳ. 140