Ҳаққи мо ҳақгузор мехоҳад
Лоиқ Шералӣ
Ҳаққи мо ҳақгузор мехоҳад,
Рӯзи мо рӯзгор мехоҳад.
Ғами мо як ғами висоле нест,
Ҳиммати ғамгусор мехоҳад.
Сари коре, ки мову ту дорем,
Сари моро ба дор мехоҳад.
Қурби мо, ки қариб маҳв шудаст,
Қурбати ифтихор мехоҳад.
Ин хазоне, ки бар сари мо рехт,
Гулфишони баҳор мехоҳад.
Мушт бар сина кӯфтанҳомон
Зарбати зулфиқор мехоҳад.
Рустамиҳои вақти мастии мо
Рустами корзор мехоҳад.
1988
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1988 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1988Офтобборонсаҳ. 162
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 537
- 2011Девони замонсаҳ. 150