Бар дарди дилам дарди диле дармон аст

Лоиқ Шералӣ

Бар дарди дилам дарди диле дармон аст,

Ҳар мушкили ман зи мушкиле осон аст.

Ҳар кас зи ҳаёт умри осон хоҳад,

Ҳам зиндаю ҳам мурдаи ӯ яксон аст.

Жанр
Рубоӣ
Сол
1972 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо