То гум нашавӣ, касе наҷӯяд номат
Лоиқ Шералӣ
То гум нашавӣ, касе наҷӯяд номат,
То дур набошӣ, нарасад пайғомат.
Торих ҳамеша пухтакор аст чунон,
К-оғози туро биҷӯяд аз анҷомат.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 225 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 186
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 664